Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БДА ҶТ “Амонатбонк”
Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо медали ҷашнии 20-солагии СҲШ сарфароз гардонида шуданд
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ва Сардори Идораи муносибатҳои байналлмилалӣ Раҳматзода Б. бо қарори Котиботи генералии Созмони Ҳамкории Шанхай бо медали ҷашнии 20-солагии СҲШ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 5-уми ноябри соли 2021 дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк ” дар кори конфронси минтақавӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон”
Санаҳои 31-уми октябр ва 01-уми ноябри соли 2021 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» - Икромӣ Сироҷиддин Салом дар кори конфронси минтақавӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон”, ки бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”
Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад.